Анастасия Волочкова ба оилаи тоҷикон сарпаноҳ дод

Ҳунармандзани маъруфи балети Русия Анастасия Волочкова аз мушкилоти як оилаи тоҷикон огаҳ гардида, ба онҳо дар манзили худ сарпаноҳ додааст. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ӯ тасодуфан аз шунидани аҳволи хеле мушкили зодагони Осиёи Марказӣ, ки зан ҳатто ҳомиладор будаасту барои иҷорапулӣ ва зиндагии рӯзмарра маблағе надоштаанд, хеле мутаассир шуда, онҳоро барои зист ба манзили […]

Asia-Plus

Ҳунармандзани маъруфи балети Русия Анастасия Волочкова аз мушкилоти як оилаи тоҷикон огаҳ гардида, ба онҳо дар манзили худ сарпаноҳ додааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ӯ тасодуфан аз шунидани аҳволи хеле мушкили зодагони Осиёи Марказӣ, ки зан ҳатто ҳомиладор будаасту барои иҷорапулӣ ва зиндагии рӯзмарра маблағе надоштаанд, хеле мутаассир шуда, онҳоро барои зист ба манзили худ даъват кардааст.

«Ман чунин мешуморам, ки агар мо ба касе кумак карда тавонем, ҳатман инро бояд ба анҷом расонем ва агар ҳар кадоме аз мо дар ҳаёт каме ба корҳои неку хайрхоҳона даст занад, ҳаёт албатта беҳтар хоҳад шуд», – овардааст гуфтаҳои Волочковаро «Собеседник».

Гуфта мешавад, баъди таваллуд Лолитаро бо тифлаш ба манзили Волочкова оварда, ӯ ба онҳо дар бинои ҳайати кормандонаш ду ҳуҷра ҷудо кардааст. Волидони кӯдакро дар хона ба кор гирифта, ба онҳо барои кумак дар корҳои хона музди меҳнати хуб медиҳад. Ӯ тоҷиконро акнун қисмате аз аҳли оилаи худ ҳисобида, маросиму идҳоро ҳама ҳамроҳ ҷашн мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.