Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Галереяи ҳунарҳои муосири Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи шаҳри Душанбе намоиши байнулмилалӣ боз мегардад, ки дар он ҳудуди 100 расм бахшида ба ҳаёти шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта мешавад. Галерея дар маркази савдои «Ашан», ошёнаи 4-ум воқеъ аст. Маросими ифтитоҳ соати 18-00. Кори намоиш то 5 май идома меёбад;

– Дар Маскав гуфтушунидҳои мақомоти марбутаи Русия ва Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ идома меёбад;

– Дар маркази исмоилияи Душанбе мизи гирд дар мавзӯи «Рушди низоми дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон» барои табибон ва мутахассисон ба кори худ идома медиҳад. Оғоз соати 09-00;

– Ташрифи духтари пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV Заҳро ба Хоруғ дар назар аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4778 сомонӣ;

1 евро – 9.1942 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии бародаршаҳрҳо.

1992 – Дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон гирдиҳамоиҳои стихиявӣ сурат гирифтанд.

1996 – Нашри нахустин ҳафтавори мустақили «Чархи гардун».

1900 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев.

1917 – Мавлуди Туҳфа Фозилова, Ҳунарманди халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ. Театри мусикиву драмавии Конибодом номи ӯро дорад.

1932 – Зодрӯзи журналист Мусофир Набиев.

1940 – Мавлуди ҳуқуқшинос, профессор Саломиддин Шарофов (собиқ Прокурори генералии ҶТ).

1953 – Зодрӯзи актёри театр Шаҳобиддин Ҳасанов.

1966 – Мавлуди журналист Сайёфи Мизроб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14 рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +25+27.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...