Муфтӣ: шариат гӯркунии одам дар рӯи заминро манъ мекунад

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор намуд, ки мувофиқи шариат гӯркунии майит дар рӯи замин манъ аст. Чанде қабл чанде аз васоити ахбори умум иттилоъ дода буданд, ки дар оромгоҳи Муродбахши шаҳри Хуҷанд мурдаро на дар зери хок, балки дар рӯи замин дафн карда, барои майит қабр намекананд ва ҷасадро дар даруни сағонаи нимдавраи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор намуд, ки мувофиқи шариат гӯркунии майит дар рӯи замин манъ аст.

Чанде қабл чанде аз васоити ахбори умум иттилоъ дода буданд, ки дар оромгоҳи Муродбахши шаҳри Хуҷанд мурдаро на дар зери хок, балки дар рӯи замин дафн карда, барои майит қабр намекананд ва ҷасадро дар даруни сағонаи нимдавраи аз хишт сохташуда гӯр мекунанд. Ин амал чунин шарҳ дода мешавад, ки гӯё қитъаи замини барои оромгоҳ ҷудошуда хеле сарфа мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи шариат ва мазҳаби ҳанафӣ майитро танҳо дар замин гӯр кардан ҷоиз аст.

Ба гуфтаи муфтӣ, дар шариат ду навъи гӯр барои майит иҷоза шудааст ва дар ҳарду ҳолат ҳам гӯр бояд дар замин ба қади одам канда шавад.

«Дар ҳолати аввал агар таркиби замин имкон диҳад, ҷасад дар тоқи махсус (лаҳад) гузошта шуда, дар ҳолати дуюм агар замин региву серсанг бошад, майит мустақиман дар гӯри кандашуда гузошта шуда, болои гӯр бо чӯб маҳкам ва бо хок пӯшонида мешавад», – гуфт Абдуқодирзода.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки мувофиқи шариат барои одамони зинда пешакӣ гирифтани ҷой дар оромгоҳҳо низ ҷоиз нест ва «танҳо Худо аз тақдири инсону рӯзи даргузашти ӯ воқиф аст».  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.