Нахустин суханронии Обама миёни мардум баъди аз мансаби президентӣ рафтан

Собиқ президенти ИМА Барак Обама пас аз мансаби президентӣ рафтан бори нахуст миёни мардум суханронӣ кард. Ӯ бо донишҷӯёни донишгоҳи Чикаго вохӯрда, доир ба мушкилоти соҳаи маориф ва нақшаҳои минбаъдаи худ ба онҳо изҳори назар кард. Хабаргузории РБК бо истинод ба Associated Press дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки собиқ президенти ИМА дар ин суханронии […]

Asia-Plus

Собиқ президенти ИМА Барак Обама пас аз мансаби президентӣ рафтан бори нахуст миёни мардум суханронӣ кард. Ӯ бо донишҷӯёни донишгоҳи Чикаго вохӯрда, доир ба мушкилоти соҳаи маориф ва нақшаҳои минбаъдаи худ ба онҳо изҳори назар кард.

Хабаргузории РБК бо истинод ба Associated Press дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки собиқ президенти ИМА дар ин суханронии худ гуфтааст, ният дорад, ки бо ҷавонон машғули кор бошад.

Ӯ таъкид доштааст, ки дар соҳаҳое чун ислоҳоти мақомоти судӣ ва маблағгузорӣ ба сиёсат фаъолият карданист.

«Ин чизест, ки ба мо барои муқовимат ба таҳдидҳо ва даст ёфтан ба пешрафт дар сиёсат ва ҳаёти ҷамъиятӣ монеъа эҷод мекунад», – иброз доштааст ӯ. – Аз ҳама чизи асосӣ ва муҳимеро, ки ман анҷом дода метавонам, кумак ба омода кардани сарварони насли нав мебошад, то ки онҳо корро дар ин ҷаҳони тағйирёбанда қабул кунанд».

https://www.youtube.com/watch?v=-e4pmct-MLs

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин суханронии худ президенти 44-уми ИМА ягон маротиба номи президенти амалкунандаи кишвараш Доналд Трампро ба забон наовардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.