Айбдории шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳамдастӣ дар амали террористии Петербург

Суди шаҳри Маскав ба шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Содиқ Ортиқов дар робита ба таркиши метрои Санкт-Петербург айбнома пешниҳод кард. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аммо вакили дифои Содиқ Ортиқов гуфтааст, муфаттишон исботи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин ҳамла надоранд. Ба гуфтаи ҳуқуқдон, силоҳе, ки дар вақти кофтукоби хонаи Ортиқов ошкор шуд, ба зерҳимояи ӯ рабт […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Маскав ба шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Содиқ Ортиқов дар робита ба таркиши метрои Санкт-Петербург айбнома пешниҳод кард.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аммо вакили дифои Содиқ Ортиқов гуфтааст, муфаттишон исботи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин ҳамла надоранд. Ба гуфтаи ҳуқуқдон, силоҳе, ки дар вақти кофтукоби хонаи Ортиқов ошкор шуд, ба зерҳимояи ӯ рабт надорад, “зеро ӯ дар ин хона танҳо зиндагӣ намекард”. Худи Ортиқов низ ба бегуноҳияш таъкид кард ва гуфт, то боздошташ ошпаз буд ва зиндагиашро бо меҳнати ҳалол пеш мебурд.

Содиқ Ортиқов рӯзи 6 апрел дар Маскав боздошт шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки аз хонаи ӯ таппонча ва маводи тарканда ёфтанд. Баъдан мақомот гуфтанд, Содиқ Ортиқов шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо тайи понздаҳ соли охир дар Русия қарор доштааст. Мақомот гуфтанд, ин зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа оиладор ва соҳиби фарзанд аст ва то замони боздошт дар қаҳвахонаи "Лесное" ба ҳайси ошпаз кор мекард.

Суди яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав Ортиқовро то 3 июн ҳамчун яке аз гумонбарон ба амали террористӣ дар Петербург то 3 июн ба ҳабс гирифта, ӯ дар Маскав дарҳол баъди амали террористӣ ҳамроҳ бо Шоиста Каримова боздошт шуда буд.

Баъдан аз рӯи далели таркиш дар метро боз 6 нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов ва Муҳамадюсуф Мирзоолимов низ боздошт шуданд.

Сипас Хадамоти федералии амният дар бораи боздошти яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов дар вилояти Маскав хабар дод. Ӯ ба омода кардани иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов гумонбар дониста мешавад.

Баъди чанде Хадамоти мазкур дар бораи боздошти бародари калонии Азимов – Акрам хабар дод. Ӯ ба гумони кумак ҷиҳати интиқоли пулҳои истифодашуда барои омодасозии амали терористӣ ва ташкили робита бо террористони байнулмилалӣ боздошт шудааст.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.