Боздошти собиқ муовини раҳбари Агентии зиддифасод дар марз бо Қирғизистон

Asia-Plus

Собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода ҳангоми кӯшиши тарки қаламрави ҷумҳурӣ дар марз бо Қирғизистон боздошт шудааст.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз қазия хабар дод.

Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Хайрзода ҳанӯз моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ба ин вазифа таъин гардидааст.

Чанде қабл дар Душанбе Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротии Агентии зиддифасод низ боздошт шуд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод ва ба ин вазифа таъин шудааст.

Соли 2013 замоне, ки дар Агентӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати соҳибкори маъруф Зайд Саидов мавриди тафтиш қарор дошт, Муҳаммадзода (он замон Муробов) Раёсати тафтишоти Агентиро роҳбарӣ мекард.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои «Азия-Плюс», чанде қабл ҳамчунин собиқ муфатттиши Агентӣ Фирдавс Ниёзбадалов низ ба ҳабс гирифта шудааст, ки ному насаби ӯ низ ҳангоми тафтиши парвандаи Зайд Саидов вирди забонҳо буд. Гумонбаршудагон ва адвокатҳои онҳо чандин маротиба аз он шикоят карда буданд, ки Ниёзбадалов нисбати онҳо аз тарзу усулҳои ғайриқонунӣ, ҳатто то лату кӯб кор мегирад.

Мувофиқи маълумоти манбаи «Азия-Плюс», феълан ҳамагӣ 17 корманди Агентии зиддифасод боздошт ва яке аз кормандони ин ниҳод – Умед Камолов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар худи Агентӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки ҳамаи шахсони боздоштшуда ҳанӯз то ба ҳабс гирифтанашон, аз вазифаҳояшон дар мақомоти зиддикоррупсия барканор шудаанд, вале аз шарҳи сабаби аз вазифа озод шудани онҳо худдорӣ варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.