Боздошти собиқ муовини раҳбари Агентии зиддифасод дар марз бо Қирғизистон

Собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода ҳангоми кӯшиши тарки қаламрави ҷумҳурӣ дар марз бо Қирғизистон боздошт шудааст.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз қазия хабар дод. Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Хайрзода ҳанӯз моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд. […]

Собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода ҳангоми кӯшиши тарки қаламрави ҷумҳурӣ дар марз бо Қирғизистон боздошт шудааст.  Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз қазия хабар дод.

Аз Агентии мазкур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Хайрзода ҳанӯз моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ба ин вазифа таъин гардидааст.

Чанде қабл дар Душанбе Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Раёсати ташкилӣ-нозиротии Агентии зиддифасод низ боздошт шуд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод ва ба ин вазифа таъин шудааст.

Соли 2013 замоне, ки дар Агентӣ парвандаи ҷиноӣ нисбати соҳибкори маъруф Зайд Саидов мавриди тафтиш қарор дошт, Муҳаммадзода (он замон Муробов) Раёсати тафтишоти Агентиро роҳбарӣ мекард.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои «Азия-Плюс», чанде қабл ҳамчунин собиқ муфатттиши Агентӣ Фирдавс Ниёзбадалов низ ба ҳабс гирифта шудааст, ки ному насаби ӯ низ ҳангоми тафтиши парвандаи Зайд Саидов вирди забонҳо буд. Гумонбаршудагон ва адвокатҳои онҳо чандин маротиба аз он шикоят карда буданд, ки Ниёзбадалов нисбати онҳо аз тарзу усулҳои ғайриқонунӣ, ҳатто то лату кӯб кор мегирад.

Мувофиқи маълумоти манбаи «Азия-Плюс», феълан ҳамагӣ 17 корманди Агентии зиддифасод боздошт ва яке аз кормандони ин ниҳод – Умед Камолов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар худи Агентӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки ҳамаи шахсони боздоштшуда ҳанӯз то ба ҳабс гирифтанашон, аз вазифаҳояшон дар мақомоти зиддикоррупсия барканор шудаанд, вале аз шарҳи сабаби аз вазифа озод шудани онҳо худдорӣ варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.