Давлаталӣ Саид раҳбари комиссияи таъмини риояи ҳуқуқи башар дар кишвар

Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – ҳамзамон раҳбари як комиссияи вижа барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар шудааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин комиссия дар аввали моҳи апрели имсол дар назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҳайаташ 18 нафар, аз ҷумла муовинони аввали раиси Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шомиланд. Гуфта […]

Радиои Озодӣ

Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – ҳамзамон раҳбари як комиссияи вижа барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар шудааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин комиссия дар аввали моҳи апрели имсол дар назди ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҳайаташ 18 нафар, аз ҷумла муовинони аввали раиси Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл шомиланд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз таъсиси ин комиссия дар қарори расмии ҳукумат, ки дар аввали моҳи апрел содир шудаааст, дақиқ гуфта намешавад, аммо баъзе аз манобеи расмӣ гуфтаанд, ҳукумат саъй дорад, ки “иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди кишвару созмонҳои байналмилалиро дар бахши ҳуқуқи инсон ҷиддан назорат карда ва аз ҳама гуна гузориш дар бораи бад шудани вазъи ҳуқуқи башар ҷилавгирӣ намояд”.

Зикр мегардад, ки бар асоси қарори ҳукумат, ин комиссия муваззаф шудааст, ки гузоришҳои Тоҷикистонро дар бораи риояи ҳуқуқи инсон ба ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ омода карда, барои бартараф намудани камбудҳо дар ин бахш талош кунад.

Тоҷикистон чанд сол қабл барои таъмини риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дертар Омбудсмени кӯдакро таъсис дода буд. Аммо дар гузашта ин ниҳод барои бетарафӣ ба баъзе масоил, аз ҷумла боздошту зиндонӣ шудани бархе вакилони дифоъ ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танқид шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст