Саҳмияҳои Tcell пурра ба ихтиёри Бунёди Оғо Хон гузашт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати Telia -и Шветсия бастаи саҳмияҳои Tcell ҳамроҳ бо уҳдадориҳо оид ба андозро ба Бунёди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) фурӯхт.

Ширкати телекоммуникатсионии Telia эълом дошт, ки муомилот дар мавриди фурӯши бастаи назоратии саҳмияҳои оператори мобилии Tcell ба Бунёди Оғо Хонро ба анҷом расонидааст.

Дар маълумоти сомонаи Telia қайд мешавад, ки ба Бунёди Оғо Хон ширкат 60%-и саҳмияҳои операторро ба маблағи 27,7 млн. доллар фурӯхта, маблағи муомилот ба арзиши умумии оператор асос ёфтааст, ки 46,2 млн. доллар баҳогузорӣ шудааст.

То ин замон AKFED дорои 40%-и бастаи саҳмияҳои Tcell буд. Ҳамин тариқ, Бунёди Оғо Хон ягона саҳмиядори оператори мобилии Тоҷикистон мешавад.

«Ман хушнудам, ки дар ниҳояти кор барои Tcell роҳу воситаи ҳалли масъала дарёфт шуд, ки ҳам барои тамоми саҳҳомон ва ҳам кормандони ширкат ба масъала рӯшанӣ меандозад», – таъкид догштааст роҳбари минтақаи АвруОсиёи ширкати Telia Эмил Нилсон.

Қобили зикр аст, ки мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима баста буданд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шуд, гуфта буд, мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати Тсел-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд.

Акнун тибқи муомилоти ҳосилшуда, тамоми уҳдадориҳо оид ба пардохти андозро саҳмиядори нави Tcell ба зимма мегирад.

Оператори мобилии Tcell беш аз сеяки бозори алоқаи мобилӣ ё худ 31%-и бозори муштариёни фаъоли алоқаи мобилии Тоҷикистонро фаро мегирад.

Соли гузашта Ширкати Telia эълон карда буд, ки дар бораи фурӯши саҳмияҳо бо Бунёди Оғо Хон тавофуқ ҳосил намуда, ин ба минтақаи АвруОсиёро тарк кардани он марбут аст.

«Фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оиди қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Евразия ва диққати худро бештар ба бозори Аврупои Шимолӣ равона сохтан мувофиқат мекунад», – иброз дошта буд Йохан Деннелинд, президант ва директори генералии ширкати Telia.

Фаъолияти Telia дар бозори Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2010 бо маблағгузорӣ ба ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (тамғаи тиҷоратии Tcell) оғоз гардида буд. ҶСП «Индиго Тоҷикистон» моҳи ноябри соли 2001 аз ҷониби корпоратсияи амрикоии MCT ва AKFED таъсис дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...