Синнусоли нафақаи низомиёни тоҷикро боло бурданд

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид шуд. Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёнӣ ҳарбӣ», акнун собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба ҷои 20 соли пешина 25 […]

asia+, asia+

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба қонун «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйироту иловаҳо ворид шуд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёнӣ ҳарбӣ», акнун собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба ҷои 20 соли пешина 25 солро ташкил дода, «аз ин рӯ, зарурати боло бурдани синнусоли нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ пеш омад».

Ба гуфтаи вазири мудофиа, дар тағйироту иловаҳо боло бурдани синнусоли ҳадди ниҳоии нафақа барои генерал-полковникҳо – аз 60 то ба 63 солагӣ, генерал-лейтенант ва генерал-майорҳо – аз 55 то 58-солагӣ, полковникҳо – аз 50 то 53-солагӣ ва дигар рутбаҳои ҳарбӣ – аз 45 то 48-солагӣ пешниҳод шудааст.

Вакили парлумон Саймиддин Сафаров зикр кард, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба сарфаи маблағҳои буҷет мусоидат мекунанд. Ӯ таъкид дошт, ки айни замон беш аз 20 ҳазор нафар собиқ хизматчиёни ҳарбӣ бо нафақа таъмин мешаванд, ки синнусоли онҳо ба ҳисоби миёна 38-40-соларо ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.