Суғд: Иловаи боз панҷ соли дигар барои фирор аз зиндон

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Маҳбуси моҳи ноябри соли гузашта аз зиндони низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд фироркарда Амонуллохон Носирӣ боз ба 5 соли дигари зиндон маҳкум шуд.

Тавре як манбаъ аз прокуратураи вилояти Суғд хабар дод, дар робита ба ин парванда корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд Даврон Набиҷонов низ дар курсии айбдорӣ менишаст, вале ба гуноҳаш иқрор шудан ва бори нахуст ҷиноят содир карданашро ба инобат гирифта, суд ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуд.

Маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намуда, баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.

Зикр мегардад, ки маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун  се маротиба суд шудааст.

Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ин ҳодисаи дуюми фирори маҳбусон аз муассисаи ислоҳии 3/3-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Шоми рӯзи 17 июни соли гзашта аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон – Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов кӯшиши фирор намуда буданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...