Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми гурӯҳи кории махсуси кишварҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ баргузор мешавад; – Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва тамоили рушди қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ» Конфронси IV байнулмилалии илмии донишҷӯён доир мегардад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи ҳафтуми гурӯҳи кории махсуси кишварҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ баргузор мешавад;

– Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Вазъи кунунӣ ва тамоили рушди қонунгузории Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ» Конфронси IV байнулмилалии илмии донишҷӯён доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4776 сомонӣ;

1 евро – 9.2236 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1534 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Душанбе нахустин театр-студияи мусиқӣ таъсис дода шуд.

1933 – Ифтитоҳи Китобхонаи марказии илмии Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – феълан Китобхонаи марказии илмии АИ Тоҷикистон ба номи И.Ганди.

1992 – Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея.

1998 – Бар асари боришоти зиёди борони сел ба ҷумҳурӣ зарари зиёд расонида шуд. Беш аз 50 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 1000 манзили зист хароб гардид.

2003 – Дар Душанбе Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ба кор оғоз намуд.

2012 — Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» оғоз шуд.

2013 — Шӯрои Федератсия созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасдиқ кард.

1902 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Файзулло Исматов.

1950 – Мавлуди мусиқачӣ Шермуҳаммад Ҳабибов.

1964 – Зодрӯзи оҳангсоз Ҷамила Рустамова.

1965 – Мавлуди журналист Гулғунча Саидарабова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +21+26; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17 рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +24+26.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.