«Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» муттаҳид шуданианд

Asia-Plus

Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида», ки фаъолияташон дар бисёре аз кишварҳо манъ аст, ҷиҳати созиш ҳосил кардану бартараф намудани ихтилофҳо ва созишнома бастан талош меварзанд. Дар ин бора иҷрокунанаи вазифаи СААД Валерий Семериков изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти «Интерфакс», Семериков таъкид доштааст, ки дар сурати муттаҳид шудани ин гурӯҳҳо, таҳдиду чолишҳои террористӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҷангиёни «дар Ироқу Сурия зиндамонда» ба қаламрави Афғонистон раҳсипор мешаванд ва хатаре вуҷуд дорад, ки ин кишвар ба як пойгоҳе барои ғасби қаламрави кишварҳои узви СААД мубаддал гардад.

«Дар ҳамин ҳол, вазъ дар Афғонистон торафт муташанниҷ шуда, муноқишаҳои ҷойдошта миёни гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир танҳо як қисмати таҳдидҳоест, ки аз қаламрави ин кишвар бармеоянд», – таъкид намудааст Семериков.

Айни замон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл масъулияти содир кардани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» – «Тавҳид вал-Ҷиҳод» ба зимма гирифта, бо амалҳои нави террористӣ таҳдид кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...