Се рӯзи беобии қисмате аз Душанбе ва идомаи ҷустуҷӯи ҷасади духтари ғарқшуда

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Аллакай шабонарӯзи сеюм аст, ки ба қисмате аз сокинони шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ шудааст. Тавре маълум шуд, як писару духтари наврас дар канали Варзоб ғарқ шудаанд. Ба қисмате аз манзилҳои Душанбе об аз ҳамин канал меояд. Ҷасади духтар то ҳол дарёфт нашудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли оби нӯшокӣ арзу шикоят мекунанд. «Аллакай рӯзи сеюм аст, ки ба мо ваъда медиҳанд, ки субҳ ё шом интиқоли обро таъмин мекунанд, вале чун пешина об нест», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» сокинони манзилҳои назди Театри ҷавонон.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки рӯзи 24 апрел ду сокини ноболиғи деҳаи Бакавул Муҳаммад Абдураҳмонови 16-сола ва Малика Неъматзодаи 13-сола дар канали Варзоб ғарқ шуда, ҷасади Муҳаммад дар канали дериватсионии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайдо шудааст, вале ҷасади Маликаро ғаввосон (водолазҳо) то ҳол меҷӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, барои пешгирии аз ҷониби сокинони Душанбе истеъмоли нашудани шояд оби ифлос ё зараровар, тасмим гирифта шуд, ки интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда шавад.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» итминон доданд, ки ин тасмим маҷбурӣ рӯи кор омада, баъди дарёфти ҷасади писари наврас, интиқоли оби нӯшокӣ барқарор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...