Интихоби раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низомов, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шуд.

Ин мансаб аз моҳи декабри соли гузашта холӣ буд. 10 декабри соли 2016 раиси пешини Иттифоқ Шуҳрат Ашӯров ба таври фоҷеабор аз олам даргузашт. Автомашинае, ки таҳти идораи бародари 35-солааш қарор дошт, ба ҷарии чуқуриаш 70 метр сарозер рафта, Шуҳрат Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва бародараш ҷароҳат бардошт.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шуҳрат Ашӯров 6 июни соли 2016 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Хуршед Низомов қаблан дар ҳайати Оркестри эстрадии «Гулшан», Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор кардааст. То замони интихоб ба ин мансаб ба ҳайси сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҶТ ифои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон буда, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...