Интихоби раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон

Дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низомов, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шуд. Ин мансаб аз моҳи декабри соли гузашта холӣ буд. 10 декабри соли 2016 раиси пешини Иттифоқ Шуҳрат Ашӯров ба таври фоҷеабор аз олам даргузашт. Автомашинае, ки таҳти идораи бародари […]

Дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низомов, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода раиси нави Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шуд.

Ин мансаб аз моҳи декабри соли гузашта холӣ буд. 10 декабри соли 2016 раиси пешини Иттифоқ Шуҳрат Ашӯров ба таври фоҷеабор аз олам даргузашт. Автомашинае, ки таҳти идораи бародари 35-солааш қарор дошт, ба ҷарии чуқуриаш 70 метр сарозер рафта, Шуҳрат Ашӯров дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва бародараш ҷароҳат бардошт.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шуҳрат Ашӯров 6 июни соли 2016 раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Хуршед Низомов қаблан дар ҳайати Оркестри эстрадии «Гулшан», Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор кардааст. То замони интихоб ба ин мансаб ба ҳайси сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги ҶТ ифои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон буда, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.