Даргузашти собиқ раиси Кумитаи забон Додихудо Саймиддинов

Хабаргузории «Озодагон»

Забоншиноси маъруфи тоҷик ва раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, бино ба иттилои наздикони профессор, дили ӯ нимашаби 2 май аз задан мондааст.

Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, фориғутаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1973 мебошад. Ӯ доктори улуми филологӣ (соли 1999), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буданд.

Солҳои 2000-2005 раҳбари Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагон, 2009-2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2013 бознишаста шуд. Бо ордени "Шараф" дараҷаи II сарфароз гардидааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону ба наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...