Даргузашти собиқ раиси Кумитаи забон Додихудо Саймиддинов

Забоншиноси маъруфи тоҷик ва раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, бино ба иттилои наздикони профессор, дили ӯ нимашаби 2 май аз задан мондааст. Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, фориғутаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар […]

Хабаргузории «Озодагон»

Забоншиноси маъруфи тоҷик ва раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабаргузории «Озодагон» дар ин робита менависад, бино ба иттилои наздикони профессор, дили ӯ нимашаби 2 май аз задан мондааст.

Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, фориғутаҳсили Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1973 мебошад. Ӯ доктори улуми филологӣ (соли 1999), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буданд.

Солҳои 2000-2005 раҳбари Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт, 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагон, 2009-2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2013 бознишаста шуд. Бо ордени "Шараф" дараҷаи II сарфароз гардидааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону ба наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.