Нишасти навбатии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония»-ро Душанбе қабул мекунад

Дафтари матбуоти ВКХ Точикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 1 майи соли 2017 дар ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония», ки дар Ашқобод баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония натиҷаҳои раёсати Туркманистонро дар Муколама баррасӣ намуда, самтҳои наву дурнамодори ҳамкориҳои минтақавиро мушаххас карданд. Дар ин замина ширкаткунандагон ба Ҳукумати Япония барои дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои сафари Сарвазири Япония ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 марҳилаи сифатан навро барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳусни эътимод байни Осиёи Марказӣ ва Япония оғоз бахшид ва татбиқи муштараки натиҷаҳои онҳо уфуқҳои ҳамкории дуҷониба ва байниминтақавиро васеъ намуд.

С. Аслов дар суханронии худ бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба ва минтақавӣ ва зарурати истифодаи густурда аз иқтидори кишварҳои Муколама ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангию башарӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, ки унсурҳои калидии ҳамгироии минтақавӣ ва омили сулҳу субот мебошанд, таъкид намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи Муколама ворид намудани масъалаҳои мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ва мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистонро мубрам арзёбӣ кард.

Дар натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ +Япония” Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Харитаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика қабул карда шуд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколама аз таъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар давраи солҳои 2017-2018 ва ба ин муносибат аз баргузории нишастаи 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар Душанбе истиқбол намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» дар шаҳри Ашқобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Япония Фумио Кисида дидору гуфтушунид кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Японияро дар партави татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари Сарвазири Япония Шиндзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2015 ҳосил шуданд, баррасӣ карданд. С.Аслов и Ф.Кисида алоқамандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд. Дар замина бар аҳамияти нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, ки ҷаласаи нахустини он 14 апрели соли ҷорӣ дар Токио баргузор шуд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо фаъолияти намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Японияро дар самти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Япония баланд арзёбӣ карданд ва саҳми назарраси ин Агентиро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва тақвияти иқтидори иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва сармоягузории Тоҷикистон равона шудаанд, қайд карданд.

С. Аслов ва Ф.Кисида бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи талошҳои муштарак дар ҳошияи Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония» иқдомҳои минбаъдаро барои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар давоми раёсати Тоҷикистон дар Муколамаи мазкур дар солҳои 2017-2018 таъйин намуданд. 

Атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Япония дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин 1 майи соли 2017 дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” мулоқоти С. Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...