БАТР ба корҳои навсозии роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа саҳмгузорӣ карданист

Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба сифати сармоягузори имконпазири лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа пешбинӣ мешавад. Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо роҳбари намояндагии бонки мазкур Айтен Рустамова имкони иштироки БАТР дар лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Ҷонибҳо ба масъалаи ҳамдастӣ дар маблағгузории корҳои таъмиру сохтмон ва азнавсозии лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба сифати сармоягузори имконпазири лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа пешбинӣ мешавад.

Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо роҳбари намояндагии бонки мазкур Айтен Рустамова имкони иштироки БАТР дар лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Ҷонибҳо ба масъалаи ҳамдастӣ дар маблағгузории корҳои таъмиру сохтмон ва азнавсозии лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд», – хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон.

Корҳои беҳтар кардани вазъи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа моҳи июни соли равон оғоз мегарданд. Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа вазъи ҳудуди 33 километри роҳ таъмиру навсозӣ мешавад, ки масофаи умумиаш 90 километрро ташкил медиҳад.

Барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа 96 млн. доллар ҷамъоварӣ гардидааст. Аз ҷумла 65,2 млн. доллар (49,4 млн. доллар ба сифати қарз) аз ҷониби Бонки осиёгии рушд ҷудо шуда, боз 12 млн. доллар Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ва боқимонда 17 млн. долларро ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа роҳ аз Душанбе то мавзеи Дари Киик (наздикии маркази маъмурии ноҳияи Хуросон) таъмиру навсозӣ мешавад.

Барои татбиқи пурраи лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа 215 млн. доллар маблағ зарур аст.

Гуфтушунидҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузорони имконпазир, аз ҷумла БАТР барои амалисозии лоиҳа идома доранд.

Қобили зикр аст, ки БАТР барои беҳбуди вазъи роҳи мошингард дар пойтахт аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии шаҳр 36 млн. доллар маблағ ҷудо кард. Ин лоиҳа дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.