Президент ба собиқадорони ҶБВ 3 ҳазор сомонигӣ кумак мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ медиҳад. Ин кумаки президентро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба собиқадорон тақдим мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ медиҳад.

Ин кумаки президентро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ, раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба собиқадорон тақдим мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ғайр аз ин, сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додааст, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорону коргарони ақибгоҳ кумак расонанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ, имрӯз дар Тоҷикистон 448 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 5 нафар афроди дар муҳосираи Ленинград қарордошта зиндагӣ мекунанд.

Калонсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Додарҷон Умаров 117-сола аст, ки дар Вахш зиндагӣ мекунад. Хурдсолтарин собиқадори ҷанги Тоҷикистон Леокадия Ковтун 90-сола буда, дар Душанбе иқомат дорад.

Яке аз собиқадорони ҶБВ аз Тоҷикистон Олег Соболев бо даъвати ҳукумати Русия дар гузашти низомии рӯзи 9 майи соли 2017 дар Майдони Сурхи Маскав ба муносибати 72-солагии Ғалаба иштирок мекунад.

Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Раҳматулло Қудратов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ба аввали соли 2017 дар Тоҷикистон 526 нафар собиқадорони ҶБВ (аввали соли 2015 – 926 нафар) дар ҳаётанд. Имрӯз шумори  онҳо то 448 нафар кам шудааст.

Солҳои ҶБВ 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, ҳар кадоме аз 4 нафари онҳо то Рӯзи Ғалаба зинда намонд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.