Омодагирии сохторҳои қудратии Хуҷанд ба фирори маҳбусон

Аваз Юлдошев, Мавлуда Рофиева

Кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, кормандони сохторҳои қудратӣ давоми рӯз дар қаламрави шаҳр машқу тамринҳо гузаронида, дар ҷараёни он тарзи амалу кор барои дастгир кардани маҳбусоне, ки эҳтимолан аз зиндонҳо мегурезанд, мавриди омӯзишу таҷриба қарор дода мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо ба ҷуз ҳайати шахсии кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳамчунин сагҳои хизматии ҷустуҷӯӣ низ сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хуҷанд аз шумори зиёди кормандони милитсия дар кӯчаҳо ба ташвиш афтода, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) 5 нафар маҳбусон фирор кардаанд. Аммо дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин овозаҳоро беасосу дурӯғ хонданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, «маҳбусони фироркарда – гурезаҳои эҳтимолӣ аз ҳисоби кормандони милитсия мебошанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.