Ду заминларза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз соати 09:47 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, дар ҳолати аввал […]

АМИТ «Ховар»

Имрӯз соати 09:47 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар як дақиқа ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 265 -уми шимолу шарқӣ аз шаҳри Душанбе дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳолати аввал заминҷунбӣ 4-5 балл ва дар ҳолати дуюм 6 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 3 балл баробар буд.

Зикр мегардад, ки мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ин заминларза дар деҳаи Сарғойи ҷамоати деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш 2 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.