Омодагирии сохторҳои қудратии Хуҷанд ба фирори маҳбусон

Кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, кормандони сохторҳои қудратӣ давоми рӯз дар қаламрави шаҳр машқу тамринҳо […]

Аваз Юлдошев, Мавлуда Рофиева

Кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар ин робита хабар дод, кормандони сохторҳои қудратӣ давоми рӯз дар қаламрави шаҳр машқу тамринҳо гузаронида, дар ҷараёни он тарзи амалу кор барои дастгир кардани маҳбусоне, ки эҳтимолан аз зиндонҳо мегурезанд, мавриди омӯзишу таҷриба қарор дода мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин машқҳо ба ҷуз ҳайати шахсии кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳамчунин сагҳои хизматии ҷустуҷӯӣ низ сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хуҷанд аз шумори зиёди кормандони милитсия дар кӯчаҳо ба ташвиш афтода, овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) 5 нафар маҳбусон фирор кардаанд. Аммо дар маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин овозаҳоро беасосу дурӯғ хонданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, «маҳбусони фироркарда – гурезаҳои эҳтимолӣ аз ҳисоби кормандони милитсия мебошанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.