Бахоксупории бозмондаҳои пайкари сарбози тоҷик дар вилояти Псков

Sputniк

Дар остонаи ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ дар рустои Чертова Гора дар вилояти Псков маросими хоксупории сарбози шуравӣ шаҳид Турдиназар Тағоев баргузор шуд.

Бино ба иттилои Агентии иттилоотии Sputniк бо такя ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин маросим, ки бо ташрифоти комили низомӣ ва иҷрои ойинҳои исломӣ баргузор шуд, вобастаи низомии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Фаридун Раҷабов ширкат ва суханронӣ кард.

Гуфта мешавад, бозмондаҳои пайкари ин сарбози шаҳидро ҷӯяндагони гурӯҳи "Безымянный" тобистони соли 2015 дар ноҳияи Пушкиногорск боз ёфта буданд. Аз онҷо ҳамчунин ду нишони "Шуҷоъат" низ ёфт шуда буд, ки аз рӯи шумораҳои онҳо дар бойгонии Вазорати дифоъи Русия номи дорандаашон шиносоӣ шуд.

Ин шаҳид Турдиназар Тағоев будааст, ки соли 1922 дар ноҳияи Кӯктош, ки акнун ноҳияи Рӯдакӣ ном дорад, зода шуда ва 28 июли соли 1941 ба Артиши Сурх даъват шуда будааст. Турдиназар Тағоев дараҷаи низомии меҳгурӯҳбон дошта ва сардастаи гурӯҳони 4-уми тирандозии гурдони 2-вуми ҳанги 68-уми лашкари 23-уми Артиши якуми тохтовари Ҷабҳаи дувуми Балтика будааст.

Вай 23 июни соли 1944 дар набарде шаҳид шуда аст, ки дар даҳкилуметрии рустои Михайловское — милки хонаводагии Александр Пушкин, сурат гирифта шуд. Пас аз шаҳодат ӯро бо нишонҳои "Ифтихор" дараҷаи севум ва "Ҷанги Меҳанӣ" дараҷаи дувум низ сарфарз карда буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...