Савдогарон ба тасдиқи қонунияти молашон аз рӯи ҳуҷҷат уҳдадор шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон акнун дар баробари бурдани китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот, ба пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти мол ба нозири андоз уҳдадор шуданд.

Тавре дар маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар ин робита қайд мешавад, хариду фуруши мол аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, дар доираи шартнома амалӣ карда мешавад.

«Тибқи Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар суъбектҳои соҳибкории хурди Тоҷикистон, бояд аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, барои  қонунӣ гардонидани амалиётҳои хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашудаи худро дошта бошанд», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро Кумитаи андоз аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо номбар кардааст.

Гуфта мешавад, дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур нисбати қонуншиканон барои риоя накардани тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми аз 7,5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...