Cафари Мирзиёев ба Чин: имзои 105 созишнома ба маблағи 23 млрд. доллар

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар доираи сафараш ба Чин дар ҳаҷми 23 миллиард доллари ИМА 105 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонид. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳо бахшҳои энергетика, коркарди нафт, навсозии истгоҳҳои барқӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайраро дар бар мегиранд. Гуфта мешавад, Мирзиёев бо сафари давлатӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар доираи сафараш ба Чин дар ҳаҷми 23 миллиард доллари ИМА 105 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонид.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳо бахшҳои энергетика, коркарди нафт, навсозии истгоҳҳои барқӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайраро дар бар мегиранд.

Гуфта мешавад, Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Чин рафта, рӯзҳои 14 ва 15 май дар форуми "Як камарбанд – як роҳ" дар Пекин ширкат кард.

Чин дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин шарикони Ӯзбекистон аст. Соли гузашта гардиши молу маҳсулот миёни ин ду кишвар 4,2 миллиард долларро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Ӯзбекистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар соли ҷорӣ ин нишондод то 5 миллиард хоҳад расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.