Оғози амалиёти ҳамасолаи «Кӯкнор» дар Тоҷикистон

Бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави  ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», 15 май таҳти роҳбарии муовини якуми  директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди […]

АМИТ «Ховар»

Бо мақсади ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави  ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», 15 май таҳти роҳбарии муовини якуми  директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, роҳбари Ситоди   ҷумҳуриявӣ Зафар Самад ҷаласаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2017» баргузор гардид. Он фаъолияти нерӯҳо ва воситаҳои дар амалиёт сафарбаршудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг мекунад.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои гузоштани дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар масирҳои асосии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмон додани гурӯҳҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  диққати махсус  доданд.

Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2017» ташкил карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Тоҷикистон дар  ду  марҳила — аз 20 май  то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.