Кишварҳои ОМ дубора ба низоми ягонаи энергетикӣ мутатҳид мешаванд

Имрӯз дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони идораҳои энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикии минтақа баррасӣ мешавад. Дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ояндаи наздик барқарор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи имрӯза […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони идораҳои энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикии минтақа баррасӣ мешавад. Дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонанд, ки ҳалқаи ягонаи энергетикӣ ояндаи наздик барқарор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласаи имрӯза дар шаҳри Алмаато роҳбарони идораҳои энергетикии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат варзида, ҷониби Тоҷикистонро раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода намояндагӣ мекунад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, то ин вохӯрӣ кишварҳои минтақа лоиҳаи санади Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказиро мувофиқа кардаанд.

Изҳори итминон шуд, ки баъди имзои санади мазкур, ояндаи наздик Тоҷикистон интиқоли барқашро ба Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа, ки аз моҳи ноябри соли 2009 қатъ гардида буд, оғоз мекунад. Дар мавсими тобистон Тоҷикистон ҳудуди 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда метавонад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар мавсими тобистон Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми 800 млн. ва Қирғизистон – 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳад. Иқтидори боқимондаи наздики 3,6 млрд. кВт/соат дар мавсими тобистон бинобар сабаби аз низоми ягонаи энергетикӣ хориҷ шудани Ӯзбекистон, истифода намешавад.

Доир ба зарурати дубора барқарор кардани низоми ягонаи энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистону Қирғизистон изҳори назар шуда буд.

Даъватҳои кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байнулмилалӣ оид ба муттаҳид кардани иқтидорҳои электроэнергетикии кишварҳои минтақа аз соли 2014 садо медиҳанд. Он замон зикр гардида буд, ки Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи барқарор кардани низоми ягонаи энергетикиро бидуни иштироки Ӯзбекистон, ки аз ҳама бештар аз кори «ҳалқаи ягона» норозӣ буда, аз он хориҷ шуд, баррасӣ доранд, вале қабули қарори мушаххас дар ин самт муясар нашуд.

Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумулуи иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергеткии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.