Дар бозор аз ҳама беҳтар рубл харидорӣ ва доллар фурӯхта мешавад

Asia-Plus

Дар бозори асъори Тоҷикистон аз оғози сол то 23 май ба маблағи умумии мутаносиб ба 2 млрд. 15,1 млн. доллари ИМА асъори хориҷӣ харидорӣ гашта, маблағи мутаносиби 2 млрд. 258,6 млн. доллари ИМА асъори хориҷӣ фурӯхта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар бозори дохилии асъор хариду фурӯши доллари ИМА, рубли русӣ ва ба ҳаҷми ночиз – евро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар се қисмати он (байнибонкӣ, дохилибонкӣ ва нақдӣ) дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.

Аз маблағи умумии харид 37,2 фоиз ба доллари ИМА, 61,3 фоиз ба рубли русӣ ва 1,5 фоизаш ба евро рост омада, аз ҳаҷми умумии фурӯш бошад, 56,7 фоиз ба доллари ИМА, 38,2 фоиз ба рубли русӣ ва 5,1 фоизаш ба евро рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳаҷми умумии асъори хориҷии харидоришуда танҳо 4,4 фоиз ва аз фурӯхташуда танҳо 8,7 фоизаш асъори хориҷии нақд буда, 95,6 фоизи харид ва 91,3 фоизи фурӯши асъори хориҷӣ дар шакли ғайринақдӣ сурат гирифтааст.

Қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 7,9 фоиз (дар соли 2016 – 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллари ИМА-и нақд бошад, 12,4 фоиз (дар соли 2016 – 5,4 фоиз) баланд шудааст.

«Мутаассифона, дар ҳамин давраи соли 2017 зери таъсири омилҳои номусоиди берунӣ ва дохилӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 4,5 фоиз баланд шуд», – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ҳолати мазкур ба аз нав ҷоннок гаштани фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, афзоиши ҳолатҳои ҳаннотӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ мусоидат намудааст.

«Фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбати доллари ИМА боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, аз ҷумла дарёфти манбаъҳои нави дастрасӣ ба асъори хориҷӣ барои дастгирии пули миллӣ дар назар аст», – қайд мешавад дар хабар.

Дар БМТ зикр мекунанд, ки  вазъият дар бозори дохилии асъор ҳамарӯза зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дошта, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ воситаю имкониятҳо ва захираҳои кофӣ мавҷуд ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...