Таркиш дар Манчестерро писари як муҳоҷир аз Либия содир кардааст

Мақомоти Бритониё номи гумонбари ҳамла ба толори консертии шаҳри Манчестерро эълом карданд. Аз ӯ Салмон Обидӣ, сокини 23-солаи ин шаҳр ном бурда мешавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, падару модари Обидӣ ибтидои соли 1990 дар пайи саркӯбҳои режими Муаммар Қазофӣ аз Либия ба Бритониё фирор кардаанд. Гуфта мешавад, таркиши 22 май дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Бритониё номи гумонбари ҳамла ба толори консертии шаҳри Манчестерро эълом карданд. Аз ӯ Салмон Обидӣ, сокини 23-солаи ин шаҳр ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, падару модари Обидӣ ибтидои соли 1990 дар пайи саркӯбҳои режими Муаммар Қазофӣ аз Либия ба Бритониё фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, таркиши 22 май дар толори консертии Манчестер, ба ҷуз худи ҳамлагар, 22 одамро кушта, 59 тани дигарро маҷруҳ кард. Миёни кушташудаҳо як кӯдаки 8-сола ҳам ҳаст. 12 тифли дигар низ захмӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки масъулияти ҳамларо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт. Пештар хабар доданд, ки пулиси Бритониё як ҷавони 23-соларо бо гумони даст доштан дар таркиш дастгир кард. Ӯ дар ҷануби Манчестер боздошт шуд.

Ин таркиш баъди ҳунарнамоии овозхони амрикоӣ Ариана Гранде дар толори Manchester Arena рух дод. Дар пайи теракти Манчестер маъракаҳои интихоботии Бритониё қатъ карда шуданд. Қарор аст, 8 июн дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.