Донишҷӯёни ДОМ ва ҷавонони маҳаллии Норин созиш ҳосил карданд

Хабаргузории «Озодагон»

Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ҳозир нашудаанд, ки мувофиқи талаби эътирозгарон дар Норин ба зону зананду узрхоҳӣ кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Рустам Мирзоширинов, корманди ин муассиса ва яке аз шоҳидони ҳодиса дар шарҳи қазия гуфт, “новобаста ба эҳсосот ва ғазаби 300 кас, донишҷуёни тоҷик мардона изҳор доштанд, ки онҳо танҳо барои Худо ба зону меистанд ва сар хам мекунанд”.

Ба гуфтаи ин шоҳид дар пайи пофишориҳои эътирозгарони эҳсосӣ ва розӣ нашудани ҷавонони тоҷик барои задан ба зону, як муаллими амрикоӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба зону нишасту узрхоҳӣ кард: “Нафаре, ки дар навор ба зону нишаст, муллими амрикоӣ буд, ки аз барои донишҷуён тарсида, ки мабодо байнашон ҷанг нашавад, аз номи тамоми донишҷӯён ба зону нишаст”.

Ба навиштаи Мирзоширинов дар шабакаи Фейсбук, пешвоёни афроди эътирозгар, ки рӯзи гузашта даст ба ин кор заданд, имрӯз ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омада, узрхоҳӣ кардаанд: “Онҳо низ иштибоҳашонро фаҳмиданд ва феълан созиш ҳосил шуд”.

Ахиран мақомоти милисаи Қирғизистон низ ба таври оммавӣ ба зону шинондани донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норинро рад карда, изҳор доштаанд, ки танҳо як устоди донишгоҳ ба зону нишаста буд. Ба гуфтаи манбаъ ба далели камбуди ҷой бархе аз ҳозирин, аз ҷумла ҷавонони қирғиз дузону нишаста буданд, аммо ба истиснои як муаллим дигар касе ба зону зада, узрпурсӣ накардааст.

Бо вуҷуди ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ин иқдоми ҷавонони қирғизро бепосух нагузоранд ва қазияро ҳаматарафа таҳқиқ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми июн расонаҳои Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҷавонони қирғиз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи марказии воқеъ дар шаҳри Норини Қирғизистонро маҷбур кардаанд, ба зону зада, узр бихоҳанд.

Расонаҳои қирғизӣ навореро нашр карда ва гуфтаанд, гуруҳе аз ҷавонони шаҳри Норин 8 июн бо талаби муҷозоти омилони ҳодисаи 27 май дар бинои донишгоҳ таҷамӯъ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, 27 май дар мусобиқаи баскетбол, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ миёни донишгоҳҳо ва дастаҳои ҷавонони маҳаллӣ доир шуд, байни бозигарону мухлисон занозанӣ шудааст. Муътаризон донишҷӯёни тоҷикро омили ин занозанӣ медонанд. Дар наворҳое, ки расонаҳо нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амонбой Кайипов, волии вилояти Норин ва кормандони пулис ҳам онҷо ҳузур дорад. Аммо ҷавонони маҳаллӣ на ба волӣ ва на ба узрхоҳии масъули донишгоҳ аҳамият надода, ба навиштаи расонаҳо, донишҷӯёни тоҷик ва кормандони донишгоҳро маҷбур кардаанд, зону зада, бахшиш пурсанд. Онҳо ин лаҳзаҳоро дар телефонҳояшон сабт карда ва қарсак мезананд. Расонаҳо менависанд, муътаризон танҳо баъди ин бинои донишгоҳро тарк кардаанд.

Нурлан Сарчаев, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Норин ба нашрияи "Турмуш" гуфтааст, пулис ба баррасии ин моҷаро шурӯъ карда ва қарор аст, 10 июн бо ҷавонони маҳаллӣ мулоқот доир шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...