Ҳизби Тереза Мэй мақоми аксариятро дар порлумон аз даст дод

Ҳизби муҳофизакори сарвазири Бритониё Тереза Мэй бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи 8 июн мақоми аксариятро дар порлумон аз даст дод ва на танҳо умури сиёсии ин кишвар, балки барномаи хуруҷи Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо зери суол бурд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мухолифони Мэй – номзадҳои Ҳизби Коргар 267 курсӣ, яъне 35 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳизби муҳофизакори сарвазири Бритониё Тереза Мэй бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи 8 июн мақоми аксариятро дар порлумон аз даст дод ва на танҳо умури сиёсии ин кишвар, балки барномаи хуруҷи Бритониёро аз Иттиҳоди Аврупо зери суол бурд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мухолифони Мэй – номзадҳои Ҳизби Коргар 267 курсӣ, яъне 35 курсӣ бештар гирифтанд ва роҳ надоданд, ҳизби ҳоким дар порлумон аксарият бошад. Он аз 318 то 322 курсӣ ба даст меорад, аммо барои ташкили аксарияти порлумонӣ мебоист 326 ҷойро ишғол мекард.

Ҷеремӣ Корбин, раҳбари Ҳизби Коргар аз Тереза Мэй хост, истеъфо равад, вале посух гирифт, ки аксарияти нисбӣ алҳол ба Мэй имкон медиҳад дар мақоми сарвазир монад.

Эҳтимол меравад, иттиҳоди Мэй бо ҳизбҳои хурдтар ӯро дар курсии сарвазир нигоҳ хоҳад дошт, ҳарчанд овозаҳои барканорияш ҳарчӣ бештар садо медиҳад.

Корбин дар корзори интихоботӣ хостори боқӣ мондани Бритониё дар минтақаи тиҷорати озоди Иттиҳоди Аврупо буд, либерал-демократҳо тарафдори назарсанҷии нав сари узвият дар ин эътилоф ва Ҳизби миллии Шотландия хостори назарсанҷии нав дар бобати истиқлолияти Шотландия буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.