Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст, изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории кишвари моро бо Созмони Милали Муттаҳид барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шуморид.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон аз оғози узвияташ дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамкориҳои густурдаи созанда ва судмандро бо он ва ниҳодҳои тахассусиаш ба роҳ монда, барои фаъолияти бемайлони 23 бунёду барномаҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид дар қаламрави давлат шароит фароҳам овардааст.

Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ таҳия ва қабул шудааст фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

 Президенти Тоҷикистон муҳимияти ҳамкории Тоҷикистонро бо СММ дар истифодаи боэътимод ва самараноки имкониятҳои энергетикӣ, василаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ ва иқтидорҳои бузурги кишоварзӣ таъкид дошт.

ГАЛЛЕРЕЯ (11)











Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои оби Созмони Милали Муттаҳид фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.

Ҷонибдории Тоҷикистон аз ташаббусҳои глобалии “энергияи устувор” ва “энергияи сабз” барои ҳама бори дигар таъкид гардида, истифодаи иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз лиҳози истеҳсоли барқи тоза беназир мебошанд, барои минтақа пураҳмият арзёбӣ шуд.

Барои идомаи ҳамкорҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаи кори рӯзномаи чорабинии сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, ки баргузории он дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...