Баррасии масъалаи муқовимат бо мухаддирот дар кишварҳои узви СААД

Дар шаҳри Минск ҷаласаи 19-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои узви СААД доир гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, зимни суханронӣ дар ин ҷаласа директори Агентӣ Шерхон Салимзода ба ҳозирин доир ба вазъ […]

Дар шаҳри Минск ҷаласаи 19-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои узви СААД доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, зимни суханронӣ дар ин ҷаласа директори Агентӣ Шерхон Салимзода ба ҳозирин доир ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамкориҳои байнулмилалии ҷумҳурӣ дар ин самт маълумот дода, изҳор намудааст, ки мушкилоти қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, ҳамчунин маводи сахттаъсири психотропӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили рушди ҳамкории амалӣ, баргузор намудани амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ, густариш бахшидан ба мубориза бо ҷинояткории фаромилии марбут ба маводи нашъаовар, пешгирӣ ва аз байн бурдани роҳу воситаҳои интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои узви СААД табодули назар намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.