Эмомалӣ Раҳмон доир ба мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ

Asia-Plus

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ таъкид дошт, ки яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиши имрӯза таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикии бардавом ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва пешгирии иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад.

Ӯ қайд кард, ки қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд.

«Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд, – изҳор дошт президент. – Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем ва дар ин росто, ба ақидаи мо, СММ бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад».

Ба гуфтаи президент, имрӯз пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.

«Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои маҳсур бо хушкӣ дар самти таъмин намудани ҳамгироӣ ва пайвастани кишвар бо сохтори тиҷорати бисёрҷониба ба мушкилоти муайян дучор буда, чунин ҳолат ба раванди таъмини рушди бемайлони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  низ таъсири манфӣ мерасонад, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон. – Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки  ин гурӯҳи кишварҳо бояд аз имтиёзҳои мусоиди марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ бархурдор бошад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...