Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати писари полковники фирории ОМОН

Аваз Юлдошев

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)- ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Беҳрӯз Ҳалимов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 32 (тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (зархаридӣ) гумонбар дониста мешавад.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Беҳрӯз Ҳалимов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносҳои падараш дар тамос шуда, бо мусоидати онҳо барои пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ будааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Беҳрӯз Ҳалимовро рӯзи 17 апрел дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Ӯ ба Маскав парвоз карданӣ буд.

Он замон яке аз манбаъҳои «Азия-Плюс» дар сохторҳои қудратӣ иттилоъ дода буд, ки тибқи баъзе маълумот,  Беҳрӯз Ҳалимов бо падараш, ки айни замон дар сафҳои гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» меҷангад, робита дошта, тариқи Маскав мннбаъд ба Ироқ ё Сурия раҳсипор шуданӣ будааст.

Беҳрӯз Ҳалимов соли гузашта мактабро хатм намуда, дар зодгоҳаш – Дараи Фони ноҳияи Варзоб ба савдои хурд машғул буд.

Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...