Боздошти беш аз 700 нафар дар Маскав ва ҳабси 30-рӯзаи Навалний

Дар тазоҳуроти зиддикорпусионӣ дар маркази шаҳри Маскав рӯзи 12 июн беш аз 700 нафар боздошт шуданд. Тавре нашрияи «ОВД-Инфо» дар ин робита хабар медиҳад, боздоштшудагонро ба 39 шуъбаи пулис интиқол дода, нисбати ду нафар барои ҳамла ба корманди пулис парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Интерфакс» дар бораи боздошти 150 нафар иштирокчиёни тазоҳурот […]

Asia-Plus

Дар тазоҳуроти зиддикорпусионӣ дар маркази шаҳри Маскав рӯзи 12 июн беш аз 700 нафар боздошт шуданд.

Тавре нашрияи «ОВД-Инфо» дар ин робита хабар медиҳад, боздоштшудагонро ба 39 шуъбаи пулис интиқол дода, нисбати ду нафар барои ҳамла ба корманди пулис парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Интерфакс» дар бораи боздошти 150 нафар иштирокчиёни тазоҳурот иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти ВКД, дар Петербург 500 нафар боздошт шудаанд. Мақомоти шаҳрдорӣ қаблан хабар дода буданд, ки беш аз 300 тан аз иштирокчиёни тазоҳурот ба шуъбаҳои пулис оварда шудаанд.

Суди ноҳияи Симоновскийи шаҳри Маскав рӯзи 12 июн дар бораи ҳабси маъмурии пешвои Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний ба муддати 30 рӯз ҳалнома содир намуд.

 

Бино ба маълумоти расмӣ, дар тазоҳуроти зиддифасоди шаҳри Маскав наздики 5 ҳазор нафар ва шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди 3,5 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.