Дар ИМА боздошти тазоҳургаронро дар Русия маҳкум карданд

Намояндаи расмии Кохи Сафед Шон Спайсер изҳор дошт, ки Вашингтон боздошти оммавии шаҳрвандони осоиштаро дар тазоҳуротҳои шаҳрҳои Русия маҳкум мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ. «Шаҳрвандони Русия ҳам мисли ҳамаи мардуми дигар ба ҳукумате шоистаанд, ки аз озодонаву ошкор баён кардани ақида дастгирӣ мекунад», – иброз доштааст Спайсер. Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Маскав даъват […]

Asia-Plus

Намояндаи расмии Кохи Сафед Шон Спайсер изҳор дошт, ки Вашингтон боздошти оммавии шаҳрвандони осоиштаро дар тазоҳуротҳои шаҳрҳои Русия маҳкум мекунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

«Шаҳрвандони Русия ҳам мисли ҳамаи мардуми дигар ба ҳукумате шоистаанд, ки аз озодонаву ошкор баён кардани ақида дастгирӣ мекунад», – иброз доштааст Спайсер.

Гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Маскав даъват кардааст, ки боздоштшудагонро раҳо кунад.

Дар ҷашни Рӯзи Русия, 12 июн дар як қатор шаҳрҳои Русия тазоҳуроти зиддифасод доир гардиданд. Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург баргузории тазоҳурот бо ҳукуматдорон мувофиқа нашуда буд.

Дар ВКД аз боздошти беш аз 150 нафар хабар дода, тибқи маълумоти «ОВД-Инфо» дар Маскав на камтар аз 730 нафар боздошт шуда, шумори боздоштшудагон дар Петербург ба 500 нафар наздик мешавад.

Ташкилкунандаи тазоҳурот, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия, пешвои Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний низ боздошт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.