Нигаронии Дабири кулли СММ аз обшавии пиряхҳо дар Помир

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта Дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар Тоҷикистон қарор дошт. Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ зимни парвоз дар фазои Помир аз мушоҳидаҳояш ба шигифт омадааст. Дар ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад. «Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз […]

Asia-Plus

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта Дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар Тоҷикистон қарор дошт.

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ зимни парвоз дар фазои Помир аз мушоҳидаҳояш ба шигифт омадааст. Дар ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Тоҷикистон мушоҳида кардааст, мутаассир шудааст. Ҳудуди 30%-и пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд», – гуфтааст сухангӯи СММ дар брифинги Ню-Йорк.

Гуфта мешавад, зимни сафар Антоиу Гутерриш бори дигар аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд, зеро «инсоният ба аз даст додани вақт ҳуқуқ надорад».

Зикр мегардад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оқибатҳои ҷиддии гармшавии сартосарӣ дучор гардида, дар минтақа пиряхҳо об мешаванд, ҷараёни биёбоншавӣ дар ҳоли афзоиш аст ва дарёҳо аз байн рафта, баҳри Арал қариб хушк шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаҳои охир майдони пиряхҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 30-35 фоиз кам шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.