Русия ба саҳмгузорӣ дар лоиҳаи CASA-1000 омода аст

Вазири об ва энергетикаи Афғонистон Алӣ Аҳмад Осмонӣ изҳор доштааст, ки Русия ба саҳмгузорӣ дар амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) омодагӣ изҳор намудааст. Бино ба маълумоти CA-NEWS, дар ҳошияи кори Намоиши байнулмилалии ЭСКПО-2017 вазири кишвари ҳамсоя зикр кардааст, ки аз номи муовини вазири энергетиаи Русия ба […]

Asia-Plus

Вазири об ва энергетикаи Афғонистон Алӣ Аҳмад Осмонӣ изҳор доштааст, ки Русия ба саҳмгузорӣ дар амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) омодагӣ изҳор намудааст.

Бино ба маълумоти CA-NEWS, дар ҳошияи кори Намоиши байнулмилалии ЭСКПО-2017 вазири кишвари ҳамсоя зикр кардааст, ки аз номи муовини вазири энергетиаи Русия ба унвони онҳо нома расидааст.

«Дар бораи нияти иштирок дар амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба мо аз ҷониби Русия дархост расид, – таъкид доштааст Алӣ Аҳмад Осмонӣ. – Русия ният дорад, ки дар содироти барқ ба Осиёи Ҷанубӣ иштирок кунад, зеро дар Тоҷикистон нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро дар ихтиёр дорад».

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистну Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Хароҷот амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.