Корманди милитсияи дар Кӯлоб латукӯбшуда аз кор озод шуд

Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзодаи 24-сола, ки рӯзи 16 май назди хонааш аз ҷониби афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, аз кор озод шудааст. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин роита иттилоъ дод, ки Марям барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор барканор шуда, мудом […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзодаи 24-сола, ки рӯзи 16 май назди хонааш аз ҷониби афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, аз кор озод шудааст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин роита иттилоъ дод, ки Марям барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор барканор шуда, мудом ба кор дер меомадааст. Ӯ аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Дар робита ба далели лату кӯби корманди милитсия номбурда қайд кард, ки аз рӯи ин ҳодиса мақомоти прокуратура тафтишро идома дода истодааст.

Ёдрас мекунем, ки Марям Шарифзода назди манзилаш аз ҷониби ду нафар шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта, ин ҳодиса замоне рух дод, ки ӯ аз хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ барои пулгузаронӣ ба телефонаш ба кӯча баромада буд.

Қаблан дар Кӯлоб шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ карда буданд.

Баъдан ВК хабар дода буд, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса 6 нафар сокинони Кӯлоб боздошт шудаанд, ки ҳамаашон пайравони равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.