Президент мансабдоронро ба наздикии бештар ба аҳолӣ даъват кард

Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуда, зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи авали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба муҳиммияти […]

Asia-Plus

Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуда, зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи авали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба муҳиммияти масъалаҳои рӯзномаи кори машварат, Эмомали Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Шӯроҳо ва комиссияҳои давлатию ҳукуматӣ, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Масъалаҳои дигари тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ ва таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ низ дар кори маҷлис баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо бобати таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бахусус меваю сабзавот, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.

Аз иштирокчиёни машварат таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни ҶТн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ва истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ талаб карда шуд.

Дар анҷоми машварати корӣ Президенти мамлакат ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум дархосту муроҷиатҳои онҳо, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.