Анҷоми пойгаи мотосиклронҳои тоҷик дар ИМА

Рӯзи 14 июн мотосиклронҳо ё худ байкерони тоҷик пойгаи 35-рӯзаи худро дар роҳҳои ИМА ба итмом расониданд Аз Лос-Анҷелес онҳо ба Истамбул ва аз он ҷо ба Ватан баргаштанд. Иштирокчиёни пойгаи «Мо тоҷикон-3. Ба сӯи Ғарб» аз ширкати бузургтарини мотосиклронии ИМА – EagleRider сертификат гирифтанд. Дар ин бора роҳбари гурӯҳи байкерони тоҷик Фарҳод Калонов дар […]

Asia-Plus

Рӯзи 14 июн мотосиклронҳо ё худ байкерони тоҷик пойгаи 35-рӯзаи худро дар роҳҳои ИМА ба итмом расониданд Аз Лос-Анҷелес онҳо ба Истамбул ва аз он ҷо ба Ватан баргаштанд.

Иштирокчиёни пойгаи «Мо тоҷикон-3. Ба сӯи Ғарб» аз ширкати бузургтарини мотосиклронии ИМА – EagleRider сертификат гирифтанд.

Дар ин бора роҳбари гурӯҳи байкерони тоҷик Фарҳод Калонов дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

Байкерони тоҷик (гурӯхи иборат аз 6 нафар) 9 майи соли 2017 ба ИМА парвоз карданд. Дар тамоми фосилаи роҳ дар қаламрави ИМА  ин даста парчами Тоҷикистонро бо худ дошт.

Пойгаи мотосиклронӣ дар ИМА иқдоми сеюми байкерони дар лоиҳаи «Мо тоҷикон» аст.

Роҳбари даста Фарҳод Калонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳадафи аслии лоиҳа шиносоии сокинони кишварҳои хориҷӣ бо Тоҷикистон аст.

Соли 2015 мотосиклронҳои тоҷик ба иқдоми «Мо тоҷикон-1» даст зада, пойгаи байнулмилалии мотосиклронӣ дар роҳҳои кишварҳои ИДМ ва Туркияро ба масофаи 13 ҳазор километр баргузор намуданд.

Соли 2016 пойгаи мотосиклронии «Мо тоҷикон-2» дар 12 кишвари Аврупо амалӣ шуд. Масофаи ин роҳ 7 ҳазор километрро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.