Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати шавҳари зани ҳомиладоре, ки даст ба худкушӣ зад

tojiki

Прокуратураи шаҳри Норак нисбати шавҳари Алифмоҳ Худойназарова, ки каме дуртар аз обанбори Норак худро ба дарёи Вахш партофт, парвандаи ҷонӣ боз намуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан то ҳол идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Норак дар ин робита иттилоъ доданд, нисбати ҳамсари ҷавонзан Муҳаммадзариф Зарифов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 109 (Ба худкушӣ расонидан) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Дар прокуратура ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.

Наздикони Алифмоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки духтарашон ҳамсари дуюми Муҳаммадзариф Шарифов буда, дафъаҳои ахир аз фишори зиёди равонӣ азият доштааст.

Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ Худойназарова, гуфтааст, ки духтараш асосан дар манзили онҳо ба сар мебурд ва ҳар замон шавҳараш ӯро бо худ мебурд ва дубора меовард.

Ҳангоми худро ба дарё афкандан тифли батни Алифмоҳ семоҳа будааст. Сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонзан алҳол саҳеҳ маълум нестанд. Мақомоти тафтишот доимо мавриди таҳқир қарор доштан ва хушунат нисбати занро ҳамчун яке аз фарзияҳо баррасӣ доранд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...