Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати шавҳари зани ҳомиладоре, ки даст ба худкушӣ зад

Прокуратураи шаҳри Норак нисбати шавҳари Алифмоҳ Худойназарова, ки каме дуртар аз обанбори Норак худро ба дарёи Вахш партофт, парвандаи ҷонӣ боз намуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан то ҳол идома дорад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Норак дар ин робита иттилоъ доданд, нисбати ҳамсари ҷавонзан Муҳаммадзариф Зарифов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 109 (Ба […]

Наим Халимов

Прокуратураи шаҳри Норак нисбати шавҳари Алифмоҳ Худойназарова, ки каме дуртар аз обанбори Норак худро ба дарёи Вахш партофт, парвандаи ҷонӣ боз намуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан то ҳол идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Норак дар ин робита иттилоъ доданд, нисбати ҳамсари ҷавонзан Муҳаммадзариф Зарифов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 109 (Ба худкушӣ расонидан) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Дар прокуратура ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.

Наздикони Алифмоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки духтарашон ҳамсари дуюми Муҳаммадзариф Шарифов буда, дафъаҳои ахир аз фишори зиёди равонӣ азият доштааст.

Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ Худойназарова, гуфтааст, ки духтараш асосан дар манзили онҳо ба сар мебурд ва ҳар замон шавҳараш ӯро бо худ мебурд ва дубора меовард.

Ҳангоми худро ба дарё афкандан тифли батни Алифмоҳ семоҳа будааст. Сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонзан алҳол саҳеҳ маълум нестанд. Мақомоти тафтишот доимо мавриди таҳқир қарор доштан ва хушунат нисбати занро ҳамчун яке аз фарзияҳо баррасӣ доранд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.