Дар фестивали гулҳо шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуд

Дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд

Дар интиҳои ҳафтаи сипаригашта дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ҷихати иштирок дар ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд 2017» омада буданд, ҳамчунин бо иштироки шумораи зиёди сокинони вилоят «Фестивали гулҳо» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, чун яке аз шартҳои ободу зебо гардонидани диёр  ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф  мебошад, дар ин фестивал ташкилоту муассисаҳо идора ва  муассисаҳои ободкорию сабзкории шаҳри Хуҷанд бо оро додани майдони ин маҷмаи таърихӣ ва саҳни даромадгоҳ бо гулу гулбуттаҳои ороишӣ компазитсияҳои гуногуни бо гулу сабза омодагашта ширкат намуданд. 

Бо хулосаи комиссияи тадорукот ва ҳайати ҳакамони озмун барои беҳтарин ороиш бо гулҳо шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал ва ғолиби фестивали гулҳо дониста шуда, ба гулпарварони Хуҷанд бошад ҷойи дуюм насиб гардид.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар лаҳзаи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Ифтихорнома ва мукофотпулии ин озмуни зебоиро супорида барои саҳми арзандаашон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорпабинии мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва  роҳбарони идораҳои ободонию гулпарварии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.