Эмомалӣ Раҳмон: Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардум аст

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 27 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20- солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, пас аз пазироии гарму самимӣ, дар вазъияти тантанавӣ як бинои 20 ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз ба истифода додани бинои 20 ошёнаи истиқоматӣ, бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар деҳаи Шаҳдбори Ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов Президенти мамлакат бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуда, аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат боздид намуд.

Дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 иштирок намуд.

Бегоҳии рӯз Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат варзид.

Зимни суханронӣ дар дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат Президенти мамлакат таъкид дошт, ки сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад.

«Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон. – Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем».

Сарвари давлат ҳамчунин, хотирнишон сохт, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мардуми кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак буда, ба дасисаву фиреби ҳар гуна нерӯҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардад ва мардум ба номи истиқлолияту озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватан муттаҳиду сарҷамъ бошад.

«Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, нияту нақшаҳои неки оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем», – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...