ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёӣ дар Сурияро ошкор кардааст

ИМА нишонаҳои омодашавии Димишқро ба ҳамлаи нави кимиёӣ зидди сокинони Сурия бармало мебинад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин робита ИМА Башор Асад, президенти Сурияро огоҳ кардааст, ки ба ҳар ҳамлаи кимиёӣ "баҳои гарон" хоҳад пардохт. Ба гуфтаи намояндагони Трамп, ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёии монанд ба ҳамлаи пешинро, ки моҳи апрели […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

ИМА нишонаҳои омодашавии Димишқро ба ҳамлаи нави кимиёӣ зидди сокинони Сурия бармало мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин робита ИМА Башор Асад, президенти Сурияро огоҳ кардааст, ки ба ҳар ҳамлаи кимиёӣ "баҳои гарон" хоҳад пардохт.

Ба гуфтаи намояндагони Трамп, ИМА нишонаҳои ҳамлаи кимиёии монанд ба ҳамлаи пешинро, ки моҳи апрели соли ҷорӣ истифода шуда буд, ошкор кардааст. Иёлоти Муттаҳида он замон ба ин ҳамла бо мушакҳои болдори "Томагавк" посух дода буд. Мушакҳо фурудгоҳи низомиеро, ки онҷо силоҳи кимиёӣ нигаҳдорӣ мешуд, ҳадаф қарор доданд.

"Ҳамлаи кимиёие, ки Асад дар сар дорад, ба эҳтимоли зиёд аз ҳисоби сокинони осоишта, бо шумули кӯдакон, қурбонии зиёде ба бор меорад. Агар режими Димишқ ба ин амал даст занад, пас Асад ва артишаш аз ногувориҳои чашмгир дар амон нахоҳанд монд", – мегӯяд намояндаи Кохи сафед Шон Спайсер.

Баъд аз ҳарфҳои Спайсер, намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Хейлӣ низ ба ҳамин монанд изҳори назар кард. "Масъулияти ҳамлаи кимиёӣ ба дӯши Асад ва Русияву Эрон аст, ки ба Асад дар маҳвсозии сокинони Сурия кӯмак мекунанд", – гуфт Хейлӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.