Қадрдонии президент бо нишони фахрии тиллоии иттифоқҳои касаба

Дар рӯзи таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар рӯзи таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нишонро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуда, нақши Сарвари давлатро дар рушду пешрафти кори соҳа муҳимму назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором кору зиндагӣ менамоянд.

Гуфта мешавад, боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, ба ин нишони олӣ сарфароз мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.